casino malaysia
casino malaysia
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди терроризми байналмилалӣ дар чорчӯбаи сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай

wrapper

    Дар шароити ҷаҳоншавӣ яке аз хатарҳои муҳим барои инсоният ин радикализмӣ сиёсӣ, ифротгароии динӣ ва терроризми байналмилалӣ мебошад, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Ҳеҷ як давлат наметавонад, сарфи назар аз мавқеи ҷуғрофӣ, иқтидори иқтисодӣ, сохти иҷтимоӣ ва сиёсӣ, ин проблемаро нодида гирад. Ҳар як амали терроризми байналмилалӣ ба манфиатҳои якчанд кишвар таъсир мерасонад ва ҳамкории васеи байнидавлатӣ барои саркӯб кардан ё пешгирӣ кардани чунин амалҳо зарур аст. Аз ин рӯ, мамлакатҳои минтақа тасмим гирифтанд созмонеро ташкил доданд, ки бар нафъи минтақа бошад ва барои муборизаи дастаҷамъӣ мусоидат намояд. Маҳз ҳамин мақсадҳо боиси дар сохтори Созмони Ҳамгироии Шанхай таъсис додани ниҳоди минтақавии зиддитеррористӣ (РАТС) гардид.
  Маълум аст, ки ҷараёнҳои экстремизми динӣ ва терроризми байналмилалӣ аз ҳамаи ҳаракатҳо ва ҷараёнҳои дигаре, ки хусусияти глобалӣ доранд, хатарноктар мебошанд. Онҳо доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаҳои мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтаанд.
Бояд қайд кард, ки мубориза бо радикализми сиёсӣ, ифротгароии динӣ ва терроризми байналмилалӣ яке аз мушкилоти шадид дар ҷомеаи муосир мебошад. Ҷаҳон бо таҳдид ва хатарҳои воқеӣ рӯбарӯ шуда, мубориза бурдан ба ин вабои аср хусусияти умумимиллӣ гирифтааст.
  Муҳаққиқи рус Любачев А.В қайд мекунад, ки “Муносибат ба таҳдиди терроризм дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон гуногун аст. Он аз вазъи дохилии иҷтимоиву сиёсӣ бо дарназардошти ҳар як давлати алоҳида ва дараҷаи иштироки он дар равандҳои байналмилалии сиёсӣ дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ вобастагӣ дорад”. Аммо новобаста ба дараҷаи иштироки ин ё он кишвар дар чунин равандҳо, терроризм аз ягон қонун ва дастурҳои ҳукуматӣ вобастагӣ надорад. Терроризм даҳшати бузурги мардуми кураи Замин аст.
  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди таҳдидҳо ба монанди радикализм, ифротгароии динӣ ва терроризми байналмилалӣ, ки олимон онро "вабои асри 21" меноманд, истисно нест.
  Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб дарк мекунад, ки яке аз ибтикори афзалиятноки мамлакат ин мубориза бо терроризм ва экстремизми байналмилалӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон барои мубориза бо ин таҳдиди аср аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар масъалаҳои муќовимат ба терроризми байналмилалӣ, радикализмӣ сиёсӣ ва экстремизмӣ динӣ дар сатҳи минтақавӣ ҳамкории ҳаматарафаро ба роҳ мондааст.
Яке аз созмонҳои минтақа ин Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитерроризм (СМЗТ), ки соли 2004 дар назди Созмони Ҳамкории Шанхай таъсис ёфтааст, ки ниҳоди доимоамалкунанда мебошад. Дар асоси Конвенсияи Созмони Ҳамгироии Шанхай (ШОС) аз рўзи таъсис ёфтани он, яъне аз соли 1996 яке аз асосгузоронаш Ҷумҳурии Тоҷикистон – узви доимии Созмони Ҳамкории Шанхай мебошад.
  Вазифаи асосии Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои мутақобилаи мақомотҳои салоҳиятдор дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва радикализм мебошад ва сохтори он аз ҳисоби мутахассисони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ташкил шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ниҳод алҳол Ғиёсов Ҷумахон Файзович муъарифӣ мекунад.
  Бояд қайд кард, ки таҳия шудани Сохтор дар соли 2001, пас аз таркиши биноҳои баландошенаи Маркази Тиҷорати Ҷаҳонӣ дар шаҳри Ню-Йорк бомаврид буд. Дар ин давра масъалаи амнияти минтақа дар мадди аввал меистод. Барои ин як системаи ягона лозим буд, ки манфиатҳои гуногуни ҳар як давлатро ба назар гирад ва Созмони Ҳамкории Шанхай яке аз Созмони бонуфуз дар минтақа буд, ки дар оянда метавонад кафили амнияти минтақа гардад.
Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ дар фаъолияти худ санадҳо ва қарорҳои марбут ба мубориза бо терроризм, радикализм ва экстремизмро, ки дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай қабул мешаванд, роҳнамоӣ мекунад. Бо мақомотҳои салоҳиятдори давлатҳои аъзо, аз ҷумла мубодилаи иттилоот ҳамкорӣ мекунад ва бо дархости дигар мақомоти Созмони Ҳамкории Шархай маводи дахлдор омода мекунад.
  Вазифаҳои асосии СМЗТ инҳоянд:
  • таҳияи пешниҳодҳо ва тавсияҳо оид ба рушди ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм барои сохторҳои дахлдори СҲШ, инчунин бо дархости Тарафҳо;
  • кўмак ба мақомоти салоҳиятдори тарафҳо бо дархости яке аз тарафҳо дар мубориза бо терроризм, радикализм ва экстремизм, аз ҷумла тибқи муқаррароти Конвенсия;
  • ҷамъоварӣ ва таҳлили иттилооте, ки СМЗТ аз тарафҳо оид ба масъалаҳои мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм гирифтааст;
  • ташаккули бонки маълумоти СМЗТ;
  • пешниҳоди маълумот бо дархости мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо;
  • мусоидат дар омодагӣ ва гузаронидани фармондеҳӣ ва амалиётӣ-тактикии зиддитеррористӣ бо дархости Тарафҳои манфиатдор;
  • мусоидат дар омодасозӣ ва татбиқи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва дигар чораҳои мубориза бо терроризм, радикализм ва экстремизм бо дархости Тарафҳо;
  • мусоидат дар татбиқи ҷустуҷӯи байналмилалӣ барои шахсоне, ки амалҳои дар банди 1 моддаи 1 Конвенсия пешбинишударо содир кардаанд, бо мақсади ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани онҳо;
  • иштирок дар таҳияи ҳуҷҷатҳои байналмилалии ҳуқуқӣ, ки ба масъалаҳои мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм дахл доранд;
  • кўмак дар таълими мутахассисон ва инструкторони воҳидҳои зиддитеррористӣ;
  • иштирок дар омодагӣ ва баргузории конфронсҳои илмӣ ва амалӣ, семинарҳо, мусоидат дар мубодилаи таҷриба оид ба мубориза бо терроризм, радикализм ва экстремизм;
  • барқарор ва нигоҳ доштани робитаҳои корӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ, ки бо масъалаҳои мубориза бо терроризм, радикализм ва экстремизм сарукор доранд.
  Терроризм ва экстремизми байналмилалӣ, аз ҷумла навъи динӣ ва дигар зуҳуроти онҳо, имрӯз ба тамоми кишварҳои олам ва умуман тамаддуни инсонӣ хатари доимафзоянда доранд. Равнақ гирифтани фаъолияти ташкилотҳои террористӣ, ки дорои характери трансмиллӣ мебошад, муттаҳидсозии кӯшишу талоши ҷомеаи ҷаҳониро оид ба коркард ва татбиқи амалии тадбирҳои ҷавобӣ ҷиҳати таъмини амният ва субот дар сатҳи ҳар як кишвар ва умуман минтақа тақозо менамояд.
Дар чаҳорчӯбаи сохторҳои соҳавии байналмилалӣ қабул гардидани феҳристи ташкилотҳои террористию экстремистӣ ва рӯйхати шахсони дар кофтуков будаи ба фаъолияти террористӣ алоқаманд ба ҳалли ин масъала мусоидат менамояд.
  Дар Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай низ тибқи қарорҳои СМЗТ СҲШ рӯйхати ягонаи беш аз 3000 нафар шахсоне, ки бо ҷурми содир кардан ё муттаҳамӣ дар содир кардани ҷиноятҳои дорои характери террористию ҷудоихоҳӣ ва экстремистӣ аз ҷониби хадамоти махсус ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои узви СҲШ дар кофтукови байналмилалӣ қарор доранд ва Феҳристи беш аз 100 ташкилоти террористию ҷудоихоҳ ва экстремистӣ, аз ҷумла «Давлати Исломӣ», «Ҷабҳат ан-Нусра», «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Ҳизби наҳзати исломӣ», «Ансоруллоҳ» ва ғайра тасдиқ шудаанд ва амал мекунанд.
  Ин Рӯйхат ва Феҳрист дар асоси маълумот ва қарорҳои мақомоти судии давлатҳои аъзои СҲШ, ки мутобиқи қонунгузории ин давлатҳо қабул гардидаанд, пайваста нав (таҷдиди назар) карда мешаванд.
Чи хеле, ки дар боло қайд карда будем, Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои мутақобилаи мақомотҳои салоҳиятдор дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва радикализм мебошад. Ва барои ҳифз намудани марзу буми минтақа ташкил шуда, давлатҳои узви СҲШ-ро аз омилҳои хатарзо муҳофизат кунад.
  Қайд кардан зарур аст, ки дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон солҳои зиёд ҷанг рафта истодааст. Марзи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Афғонистон масофаи зиёда аз1400 километрро ташкил медиҳад. Бинобар ин, Созмони минтақавии зиддитеррористии СҲШ яке аз созмонҳое мебошад, ҳифзи марзи Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ амнияти минтақавиро таъмин менамояд.
Ба назари мо, зарур аст аз ҳисоби Сохтори минтақавии зиддитеррористи як ниҳодеро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дод, ки барои сари вақт омода намудани иттилоот ва пешгирии ҳодисаҳои террористӣ ва экстремистӣ ба тариқи оперативӣ мусоидат намояд.
Ногуфта намонад, ки сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистон дар айни замон сарҳади ИДМ мебошад ва аксари нохушиҳои характери террористию экстремистӣ дошта аз Афғонистонро боз медорад.
Дороншоева Н. Ш
 
номзади илмҳои сиёсӣ, ходими  илмии Шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia